Саъдии Шерозӣ

186. Бигзашту бозам оташ дар хирмани сукун зад

Бигзашту бозам оташ дар хирмани сукун зад,
Дарёи оташинам дар дида мавҷи хун зад.

Худ карда буд ғорат ишқаш ҳаволии дил,
Бозам ба як шабехун бар мулки андарун зад.

Дидори дилфурӯзаш дар поям арғавон рехт,
Гуфтори ҷонфазояш дар гӯшам арғанун¹ зад.

Девонагони худро мебаст дар салосил²,
Ҳар ҷо ки оқиле буд, ин ҷо дам аз ҷунун зад.

Ё Раб, диле ки дар вай парвои худ нагунҷад,
Дасти муҳаббат он ҷо хиргоҳи ишқ чун зад?

Ғулғул фиканд рӯҳам дар гулшани малоик,
Ҳар гаҳ ки санги оҳе бар тоқи обгун³ зад.

Саъдӣ, зи худ бурун шав, гар марди роҳи ишқӣ,
К-он кас расид дар вай, к-аз худ қадам бурун зад.

¹ Номи созест бодӣ.
² Занҷирҳо.
³ Сипеҳри нилгун.