GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 188. Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад

Ба ҳадис дарнаёӣ, ки лабат шакар нарезад,
Начамӣ, ки шохи тӯбо ба ситеза бар нарезад.

Ҳаваси ту ҳеч табъе напазад, ки сар набозад,
Зи паи ту ҳеч мурғе напарад, ки пар нарезад.

Дилам аз ғамат замоне натавонад, ар нанолад,
Мижа як дам оби ҳасрат нашикебад, ар нарезад.

Ки на ман зи дасти хубон набарам ба оқибат ҷон?
Ту маро бикуш, ки хунам зи ту хубтар нарезад.

Дурар¹ аст лафзи Саъдӣ зи фарози баҳри маънӣ,
Чӣ кунад ба домане дур, ки ба дӯст-бар нарезад?

¹ Ҷамъи дур, марворид.

Саъдии Шерозӣ 189. Оҳ, агар дасти дили ман ба таманно нарасад
Саъдии Шерозӣ 190. Аз ин тааллуқи беҳуда то ба ман чӣ расад
Саъдии Шерозӣ 191. Кай бируст ин гули хандону чунин зебо шуд?
Саъдии Шерозӣ 192. Гар он мурод шабе дар канори мо бошад
Саъдии Шерозӣ 193. Шӯриши булбулон саҳар бошад
Саъдии Шерозӣ 194. Шаби ошиқони бедил чӣ шабе дароз бошад
Саъдии Шерозӣ 195. Аз ту дил барнаканам, то дилу ҷонам бошад
Саъдии Шерозӣ 196. Сари ҷонон надорад, ҳар кӣ ӯро хавфи ҷон бошад
Саъдии Шерозӣ 197. Назари худойбинон талаби ҳаво набошад
Саъдии Шерозӣ 198. Бо корвони мисрӣ чандин шакар набошад
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР