Саҳар чун хусрави Ховар алам бар кӯҳсорон зад

Саҳар чун хусрави Ховар алам бар кӯҳсорон зад,
Ба дасти марҳамат ёрам дари уммедворон зад.

Чу пеши субҳ равшан шуд, ки ҳоли меҳри гардун чист,
Баромад, хандае хуш бар ғурури комгорон зад.

Нигорам дӯш дар маҷлис ба азми рақс чун бархост,
Гиреҳ бигшуд аз абрӯву бар дилҳои ёрон зад.

Ман аз ранги салоҳ он дам ба хуни дил бишустам даст,
Ки чашми бодапаймояш сало бар ҳушёрон зад.

Кадом оҳандилаш омӯхт ин ойини айёрӣ,
К-аз аввал чун бурун омад, раҳи шабзиндадорон зад?!

Хаёли шаҳсаворӣ пухту шуд ногаҳ дили мискин,
Худовандо, нигаҳ дораш, ки бар қалби саворон зад.

Дар обу ранги рухсораш чӣ ҷон додему хун хӯрдем,
Чу нақшаш даст дод, аввал рақам бар ҷонсупорон зад.

Манаш бо хирқаи пашмин куҷо андар каманд орам,
Зиреҳмӯе, ки мижгонаш раҳи ханҷаргузорон зад?!

Назар бар қуръаи тавфиқу юмни давлати шоҳист,
Бидеҳ коми дили Ҳофиз, ки фоли бахтёрон зад.

Шаҳаншоҳи музаффарфар, шуҷоъи мулки дин Мансур,
Ки ҷуди бедареғаш ханда бар абри баҳорон зад.

Аз он соат, ки ҷоми май ба дасти ӯ мушарраф шуд,
Замона соғари шодӣ ба ёди майгусорон зад.

Зи шамшери сарафшонаш зафар он рӯз бидрахшид,
Ки чун хуршеди анҷумсӯз танҳо бар ҳазорон зад.

Давоми умри мулки ӯ бихоҳ аз лутфи Ҳақ, эй дил,
Ки чарх ин сиккаи давлат ба даври рӯзгорон зад.