Саъдии Шерозӣ

191. Кай бируст ин гули хандону чунин зебо шуд?

Кай бируст ин гули хандону чунин зебо шуд?
Охир, ин ғӯраи навхоста чун ҳалво шуд?

Дигар ин мурғ кай аз байза баромад, ки чунин
Булбули хушсухану тӯтии шаккархо шуд?

Кӣ даромӯхташ ин лутфу балоғат, к-он рӯз
Мардум аз ақл бадар бурд, ки ӯ доно шуд?!

Шохаке тоза баровард сабо бар лаби ҷӯй,
Чашм барҳам назадӣ, сарви саҳиболо шуд.

Олами тифлию ҷаҳли ҳаявонӣ бигузошт,
Одамитабъу малакхӯю парисимо шуд.

Ақлро гуфтам: Аз ин пас ба саломат бинишин.
Гуфт: Хомӯш, ки ин фитна дигар пайдо шуд.

Пур нашуд чун садаф аз луълуи лоло¹ даҳане,
Ки на аз ҳасрати ӯ дидаи мо дарё шуд.

Саъдиё, ғунчаи сероб нагунҷад дар пӯст,
Вақт хуш диду бихандиду гуле раъно шуд.

¹ Марвориди дурахшон.