Саъдии Шерозӣ

193. Шӯриши булбулон саҳар бошад

Шӯриши булбулон саҳар бошад,
Хуфта аз субҳ бехабар бошад.

Тирборони ишқи хубонро
Дили шӯридагон сипар бошад.

Ошиқон куштагони маъшуқанд,
Ҳар кӣ зинда-ст, дар хатар бошад.

Ҳама олам ҷамоли талъати ӯст,
То киро чашми ин назар бошад?

Кас надонам, ки дил бад-ӯ надиҳад,
Магар он кас, ки бебасар¹ бошад.

Одамиро, ки хораке дар пой
Наравад, турфа² ҷонвар бошад.

Гӯ, турӯшрӯй бошу талхсухан,
Заҳри ширинлабон шакар бошад.

Оқилон аз бало бипарҳезанд,
Мазҳаби ошиқон дигар бошад.

Пои рафтан намонд Саъдиро,
Мурғи ошиқ буридапар бошад.

¹ Нобино, кӯр.
² Шигифт, аҷиб.