GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 196. Сари ҷонон надорад, ҳар кӣ ӯро хавфи ҷон бошад

Сари ҷонон надорад, ҳар кӣ ӯро хавфи ҷон бошад,
Ба ҷон гар суҳбати ҷонон барояд, ройгон бошад.

Муғелон чист, то ҳоҷӣ инон аз Каъба барчинад?
Хасак¹ дар роҳи муштоқон бисоти парниён бошад.

Надорад бо ту бозоре, магар шӯридаасроре,
Ки меҳраш дар миёни ҷону муҳраш бар даҳон бошад.

Парирӯё, чаро пинҳон шавӣ аз мардуми чашмам?
Париро хосият он аст, к-аз мардум ниҳон бошад.

Нахоҳам рафтан аз дунё, магар дар пои деворат,
Ки то дар вақти ҷон додан сарам бар остон бошад.

Гар аз рои ту баргардам, бахилу ноҷавонмардам,
Равон аз ман таманно кун, ки фармонат равон бошад.

Ба дарёи ғамат ғарқам, гурезон аз ҳама халқам,
Гурезад душман аз душман, ки тираш дар камон бошад.

Халоиқ дар ту ҳайронанду ҷои ҳайрат аст, алҳақ,
Ки маҳро дар замин бинанду маҳ бар осмон бошад.

Миёнатрову мӯятро агар сад раҳ бипаймоӣ,
Миёнат камтар аз мӯею мӯят то миён бошад.

Ба шамшер аз ту натвонам, ки рӯи дил бигардонам,
В-агар милам² кашӣ дар чашм, майлам ҳамчунон бошад.

Чу Фарҳод аз ҷаҳон берун ба талхӣ меравад Саъдӣ,
Валекин шӯри ширинаш бимонад, то ҷаҳон бошад.

¹ Хори сепаҳлӯи оҳанӣ.
² Мили оҳании гудохта, ки барои кӯр кардан ба чашми гунаҳкорон мекашиданд.

Саъдии Шерозӣ 197. Назари худойбинон талаби ҳаво набошад
Саъдии Шерозӣ 198. Бо корвони мисрӣ чандин шакар набошад
Саъдии Шерозӣ 199. То ҳоли манат хабар набошад
Саъдии Шерозӣ 200. Чӣ касӣ, ки ҳеч касро ба ту-бар назар набошад
Саъдии Шерозӣ 201. Он беҳ, ки назар бошаду гуфтор набошад
Саъдии Шерозӣ 202. Ҷанг аз тарафи дӯст дилозор набошад
Саъдии Шерозӣ 203. Туро нодидани мо ғам набошад
Саъдии Шерозӣ 204. Гар гӯямат, ки сарвӣ, сарв инчунин набошад
Саъдии Шерозӣ 205. Агар сарве ба болои ту бошад
Саъдии Шерозӣ 206. Дар пои ту афтодан шоиста даме бошад
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР