Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 7

Подшоҳе бо ғуломе аҷамӣ дар киштӣ нишаст ва ғулом дигар дарё надида буд ва роҳати киштӣ наёзмуда. Гиряву зорӣ дарниҳод ва ларза бар андомаш уфтод. Чандон ки мулотафат карданд, ором намегирифт ва айши малик аз ӯ мунағғас буд.

Чора надонистанд. Ҳакиме дар он киштӣ буд, маликро гуфт:

- Агар фармон диҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомӯш гардонам. Гуфт:

- Ғояти лутфу карам бошад.

Бифармуд, то ғуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд ғӯта хӯрд. Мӯяш гирифтанд ва пеши киштӣ оварданд, ба ду даст дар суккони киштӣ овехт. Чун баромад, ба гӯшае биншасту ором ёфт.

Маликро аҷаб омад, ҳакимро пурсид:

- Дар ин чӣ ҳикмат буд? Гуфт:

- Аз аввал меҳнати ғарқа шудан ночашида буд ва қадри офият касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

Эй сер, туро нони ҷавин хуш нанамояд,
Маъшуқи ман аст, он ки ба назди ту зишт аст.
Ҳурони биҳиштиро дӯзах бувад аъроф,
Аз дӯзахиён пурс, ки аъроф биҳишт аст.

***

Фарқ аст миёни он, ки ёраш дар бар
То он ки ду чашми интизораш бар дар.