Дар пои ту афтодан шоиста даме бошад,
Тарки сари худ гуфтан зебо қадаме бошад.
Бисёр забуниҳо бар хеш раво дорад,
Дарвеш, ки бозораш¹ бо муҳташаме бошад.
З-ин сон, ки вуҷуди туст, эй сурати рӯҳонӣ,
Шояд ки вуҷуди мо пешат адаме бошад.
Гар ҷумла санамҳоро сурат ба ту монистӣ,
Шояд² ки мусулмонро қибла санаме бошад.
Бо он ки асиронро куштию хато кардӣ,
Бар кушта гузар кардан навъи караме бошад.
Рақс аз сари мо берун имрӯз нахоҳад шуд,
К-ин мутриби мо яктан хомӯш намебошад.
Ҳар к-ӯ ба ҳама умраш савдои гуле будаст,
Донад, ки чаро булбул девона ҳамебошад.
Кас бар алами решат воқиф нашавад, Саъдӣ,
Илло ба касе гӯӣ, к-ӯро аламе бошад.
¹ Сару кор, муомила.
² Сазовор аст.