На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад,
На ҳар кӣ ойина созад, сикандарӣ донад.

На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,
Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад.

Ту бандагӣ чу гадоён ба шарти музд макун,
Ки дӯст худ равиши бандапарварӣ донад.

Ғуломи ҳиммати он ринди офиятсӯзам,
Ки дар гадосифатӣ кимиёгарӣ донад.

Вофову аҳд накӯ бошад, ар биёмӯзӣ,
В-агарна ҳар кӣ ту бинӣ, ситамгарӣ донад.

Бибохтам дили девонаву надонистам,
Ки одамибачае шеваи парӣ донад.

Ҳазор нуктаи бориктар зи мӯй ин ҷост,
На ҳар кӣ сар битарошад, қаландарӣ донад.

Мадори нуқтаи биниш зи холи туст маро,
Ки қадри гавҳари якдона ҷавҳарӣ донад.

Ба қадду чеҳра ҳар он кас, ки шоҳи хубон шуд,
Ҷаҳон бигирад, агар додгустарӣ донад.

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи таъбу сухан гуфтани дарӣ донад.