GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 225. Инон магар зи раҳмати маҳз офаридаанд

Инон магар зи раҳмати маҳз офаридаанд,
К-ороми ҷону унси дилу нури дидаанд.

Лутф оятест дар ҳақи инону кибру ноз,
Пироҳане ки бар қади эшон буридаанд.

Ояд ҳанӯзашон зи лаби лаъл бӯи шир,
Ширинлабон на шир, ки шаккар мазидаанд.

Пиндорам, оҳувони Таторанд мушкрез,
Лекин ба зери сояи тӯбо чаридаанд.

Ризвон магар сарочаи фирдавс баркушод,
К-ин ҳуриён ба соҳати дунё хазидаанд.

Оби ҳаёт дар лаби инон, ба занни ман,
К-аз лӯлаҳои чашмаи Кавсар макидаанд.

Дасти гадо ба себи занахдони ин гурӯҳ
Нодир расад, ки меваи аввалрасидаанд.

Гул барчинанд рӯз ба рӯз аз дарахти гул,
З-ин гулбунон ҳанӯз магар гул начидаанд?

Узр аст ҳиндуи бутисангинпарастро,
Бечорагон магар бути симин надидаанд?

Ин лутф бин, ки бо гили Одам сириштаанд,
В-ин рӯҳ бин, ки дар тани Одам дамидаанд.

Он нуқтаҳои хол чӣ шоҳид нишондаанд,
В-ин хаттаҳои сабз чӣ мавзун кашидаанд.

Бар истивои қоматашон гӯӣ абрувон
Болои сарви рост ҳилоле хамидаанд.

Бо қомати баланди санавбархиромашон
Сарви баланду коҷ ба шӯхӣ чамидаанд.

Сеҳр аст чашму зулфу буногӯшашон, дареғ,
К-ин муъминон ба сеҳр чунин бигравидаанд.

З-эшон тавон ба хуни ҷигар ёфтан мурод,
К-аз кӯдакӣ ба хуни ҷигар парваридаанд.

Доманкашони ҳусни диловезро чӣ ғам,
К-ошуфтагони ишқ гиребон даридаанд?!

Дар боғи ҳусн хуштар аз инон дарахт нест,
Мурғони дил бад-ин ҳавас аз бар паридаанд.

Бо чобукони дилбару шӯхони дилфиреб
Бисёр дарфитодаву андак раҳидаанд.

Ҳаргиз ҷамоате, ки шуниданд сирри ишқ,
Нашнидаам, ки боз насиҳат шунидаанд.

Зинҳор, агар ба донаи холе назар кунӣ,
Сокин, ки доми зулф бар он густаридаанд.

Гар шоҳидон на дунйию дин мебаранду ақл,
Пас, зоҳидон барои чӣ хилват гузидаанд?

Нодир гирифт домани савдои васлашон,
Дасте, ки оқибат на ба дандон газидаанд.

Бар хоки раҳ нишастани Саъдӣ аҷаб мадор,
Мардон чӣ ҷои хок, ки бар хун тапидаанд.

Саъдии Шерозӣ 226. Дарахт ғунча бароварду булбулон мастанд
Саъдии Шерозӣ 227. Охир, эй сангдили симзанахдон, то чанд
Саъдии Шерозӣ 228. Корвон мераваду бори сафар мебанданд
Саъдии Шерозӣ 229. Пеши рӯят нигарон сурати бар деворанд
Саъдии Шерозӣ 230. Шояд ин талъати маймун, ки ба фолаш доранд
Саъдии Шерозӣ 231. Ту он наӣ, ки дил аз суҳбати ту баргиранд
Саъдии Шерозӣ 232. Ду чашми масти ту, к-аз хоби субҳ бархезанд
Саъдии Шерозӣ 233. Равандагони тариқ аз бало напарҳезанд
Саъдии Шерозӣ 234. Офтоб аз кӯҳ сар бар мезанад
Саъдии Шерозӣ 235. Булбуле бедил навое мезанад
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР