GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 238. Бихром, биллаҳ, то сабо бехи санавбар барканад

Бихром, биллаҳ, то сабо бехи санавбар барканад.
Бурқаъ барафкан, то биҳишт аз ҳур зевар барканад.

З-он рӯю холи дилситон баркаш ниқоби парниён,
То пеши рӯят осмон он холи ахтар барканад.

Халқе чун ман бар рӯи ту ошуфта ҳамчун мӯи ту,
Пой он ниҳад дар кӯи ту, к-аввал дил аз сар барканад.

З-он орзаи фархундахӯ на ранг дорад гул, на бӯ,
Ангушти ғайратро бигӯ, то чашми абҳар¹ барканад.

Мо хори ғам дар пои ҷон дар кӯят, эй гулрух, равон,
В-он гаҳ киро парвои он, к-аз пой ришта барканад?

Моҳ аст рӯят ё малак, қанд аст лаълат ё намак?
Бинмой пайкар, то фалак меҳр аз Дупайкар² барканад.

Боре ба нозу дилбарӣ бар сӯи саҳро бигзарӣ,
Волеҳ шавад кабки дарӣ, товус шаҳпар барканад.

Саъдӣ чу шуд ҳиндуи ту³, ҳил⁴, то парастад рӯи ту,
К-ӯ хайма зад паҳлӯи ту, фардои маҳшар барканад.

¹ Гули наргис.
² Бурҷи Ҷавзо.
³ Ғулом, навкар.
⁴ Бигзор, раҳо кун.

Саъдии Шерозӣ 239. Касе ки рӯи ту бинад, нигаҳ ба кас накунад
Саъдии Шерозӣ 240. Чӣ кунад банда, ки бар ҷавр таҳаммул накунад?
Саъдии Шерозӣ 241. Майл бин, к-он сарвболо мекунад
Саъдии Шерозӣ 242. Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад
Саъдии Шерозӣ 243. Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад
Саъдии Шерозӣ 244. Ёр бо мо бевафоӣ мекунад
Саъдии Шерозӣ 245. Ҳар кӣ бе ӯ зиндагонӣ мекунад
Саъдии Шерозӣ 246. Дилбаро, пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд
Саъдии Шерозӣ 247. Бо дӯст бош, гар ҳама офоқ душмананд
Саъдии Шерозӣ 248. Шӯхӣ макун, эй ёр, ки соҳибназаронанд
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Саъдии Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР