GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 242. Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад

Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад,
В-он моҳи муҳташам, ки чӣ гуфтор мекунад.

Он чашми маст бин, ки ба шӯхию дилбарӣ
Қасди ҳалоки мардуми ҳушёр мекунад.

Девона мекунад дили соҳибтамизро,
Ҳар гаҳ ки илтифоти паривор мекунад.

Оқил хабар надорад аз андӯҳи ошиқон,
Хуфта-сту айби мардуми бедор мекунад.

Ман тоқати шикеб надорам зи рӯи хуб,
Сӯфӣ ба аҷзи хештан иқрор мекунад.

Бечора аз мутолиаи¹ рӯи некувон
Сад бор тавба карду дигар бор мекунад.

Саъдӣ, нагуфтамат, ки хами зулфи шоҳидон
Дар банди ӯ машав, ки гирифтор мекунад.

¹ Хуб нигоҳ кардан, наззора кардан.

Саъдии Шерозӣ 243. Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад
Саъдии Шерозӣ 244. Ёр бо мо бевафоӣ мекунад
Саъдии Шерозӣ 245. Ҳар кӣ бе ӯ зиндагонӣ мекунад
Саъдии Шерозӣ 246. Дилбаро, пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд
Саъдии Шерозӣ 247. Бо дӯст бош, гар ҳама офоқ душмананд
Саъдии Шерозӣ 248. Шӯхӣ макун, эй ёр, ки соҳибназаронанд
Саъдии Шерозӣ 249. Ин ҷо шакаре ҳаст, ки чандин магасонанд
Саъдии Шерозӣ 250. Хубрӯёни ҷафопеша вафо низ кунанд
Саъдии Шерозӣ 251. Агар ту баршиканӣ, дӯстон салом кунанд
Саъдии Шерозӣ 252. Нашояд, ки хубон ба саҳро раванд
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР