Саъдии Шерозӣ

243. Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад

Зулфи ӯ бар рух чу ҷавлон мекунад,
Мушкро дар шаҳр арзон мекунад.

Ҷавҳарии ақл дар бозори ҳусн
Қимати лаълаш ба сад ҷон мекунад.

Офтоби ҳусни ӯ то шуъла зад,
Моҳ рух дар парда пинҳон мекунад.

Ман ҳама қасди висолаш мекунам,
В-он ситамгар азми ҳиҷрон мекунад.

Гар намакдон пуршакар хоҳӣ, матарс,
Талхие, к-он шаккаристон мекунад.

Тири мижгону камони абруяш
Ошиқонро иди Қурбон мекунад.

Аз вафоҳо, ҳар чӣ битвон, мекунам,
В-аз ҷафоҳо, ҳар чӣ натвон, мекунад.