GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 254. Ахтароне, ки ба шаб дар назари мо оянд

Ахтароне, ки ба шаб дар назари мо оянд,
Пеши хуршед муҳол аст, ки пайдо оянд.

Ҳамчунин пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд,
Гарчи дар чашми халоиқ ҳама зебо оянд.

Мардум аз қотили амдо бигурезанд ба ҷон,
Покбозон бари шамшери ту амдо оянд.

То маломат накунӣ тоифаи риндонро,
Ки ҷамоли ту бибинанду ба ғавғо оянд.

Яъламуллаҳ, ки гар оӣ ба тамошо рӯзе,
Мардумон аз дару бомат ба тамошо оянд.

Далқу саҷҷодаи номус ба майхона фирист,
То муридони ту дар рақсу таманно оянд.

Аз сари сӯфии солус дутоӣ баркаш,
К-андар ин раҳ адаб он аст, ки танҳо оянд.

Менадонам хатари дӯзаху савдои биҳишт,
Ҳар куҷо хайма занӣ, аҳли дил он ҷо оянд.

Оҳи Саъдӣ ҷигари гӯшанишинон хун кард,
Хуррам он рӯз, ки аз хона ба саҳро оянд.

Саъдии Шерозӣ 255. Туро самоъ набошад, ки сӯзи ишқ набуд
Саъдии Шерозӣ 256. Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд
Саъдии Шерозӣ 257. Аз дасти дӯст ҳар чӣ ситонӣ, шакар бувад
Саъдии Шерозӣ 258. Маро роҳат аз зиндагӣ дӯш буд
Саъдии Шерозӣ 259. Ночор, ҳар кӣ соҳиби рӯи накӯ бувад
Саъдии Шерозӣ 260. Ман чӣ дар пои ту резам, ки хурои ту бувад?
Саъдии Шерозӣ 261. Ё Раб, шаби дӯшин чӣ муборак саҳаре буд
Саъдии Шерозӣ 262. Айбе набошад аз ту, ки бар мо ҷафо равад
Саъдии Шерозӣ 263. Гуфтамаш, сер бибинам, магар аз дил биравад
Саъдии Шерозӣ 264. Ҳар кӣ маҷмӯъ набошад, ба тамошо наравад
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР