Саъдии Шерозӣ

264. Ҳар кӣ маҷмӯъ набошад, ба тамошо наравад

Ҳар кӣ маҷмӯъ набошад, ба тамошо наравад,
Ёри бо ёр сафаркарда ба танҳо наравад.

Боди осоиши гетӣ назанад бар дили реш,
Субҳи содиқ надамад, то шаби ялдо наравад.

Бар диловехтагон¹ арсаи олам танг аст,
К-он ки ҷое ба гил афтод, дигар ҷо наравад.

Ҳаргиз андешаи ёр аз дили девонаи ишқ
Ба тамошои гулу сабзаву саҳро наравад.

Ба сари хори муғелон биравам бо ту чунон
Ба иродат, ки яке бар сари дебо наравад.

Бо ҳама рафтани зебои тазарв андар боғ,
Ки ба шӯхӣ биравад, пеши ту зебо наравад.

Гар ту, эй тахти Сулаймон, ба сари мо з-ин даст
Рафт хоҳӣ, аҷаб, ар мӯрча дар по наравад.

Боғбонон ба шаб аз заҳмати булбул чунанд,
Ки дар айёми гул аз боғча ғавғо наравад?

Ҳама олам суханам рафту ба гӯшат нарасид,
Оре, он ҷо ки ту бошӣ, сухани мо наравад.

Ҳар кӣ моро ба насиҳат зи ту мепечад рӯй,
Гӯ ба шамшер, ки ошиқ ба мудоро наравад.

Моҳи рухсор бипӯшӣ ту, бути яғмоӣ,
То дили ҳалқе аз ин шаҳр ба яғмо наравад.

Гавҳари қиматӣ аз коми наҳангон оранд,
Ҳар кӣ ӯро ғами ҷон аст, ба дарё наравад.

Саъдиё, бор кашу ёр фаромӯш макун,
Меҳри Вомиқ ба ҷафо кардани Азро наравад.

¹ Дилбастагон.