GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 272. Он ки нақше дигараш ҷое мусаввар мешавад

Он ки нақше дигараш ҷое мусаввар мешавад,
Нақши ӯ дар чашми мо ҳар рӯз хуштар мешавад.

Ишқ, донӣ, чист? Султоне ки ҳар ҷо хайма зад,
Бехилоф он мамлакат бар вай муқаррар мешавад.

Дигаронро талх меояд шароби ҷаври ишқ,
Мо зи дасти дӯст мегирему шаккар мешавад.

Дил зи ҷон баргиру дар бар гир ёри меҳрбон,
Гар бад-ин миқдорат он давлат муяссар мешавад.

Ҳаргизам дар сар набуд андешаи савдо, валек
Пил агар дар банд меафтад, мусаххар мешавад.

Айшҳо дорам дар ин оташ, ки бинӣ дам ба дам,
К-андарунам гарчи месӯзад, мунаввар мешавад.

То напиндорӣ, ки бо дигар касам хотир хуш аст,
Зоҳирам бо ҷамъу хотир ҷои дигар мешавад.

Ғайратам гӯяд, нагӯям бо ҳарифон рози хеш,
Боз мебинам, ки дар офоқ дафтар мешавад.

Оби шавқ аз чашми Саъдӣ меравад бар дасту хат,
Лоҷарам чун шеър меояд, сухан тар¹ мешавад.

Қавли матбӯъ аз даруни сӯзнок ояд, ки ӯ
Чун ҳамесӯзад ҷаҳон аз вай муаттар мешавад.

¹ Обдору латифу шодоб.

Саъдии Шерозӣ 273. Ҳафтае меравад аз умру ба даҳ рӯз кашид
Саъдии Шерозӣ 274. Чӣ сарв аст он, ки боло менамояд
Саъдии Шерозӣ 275. Нагуфтам, рӯза бисёре напояд
Саъдии Шерозӣ 276. Ба ҳусни дилбари ман ҳеч дарнамеояд
Саъдии Шерозӣ 277. Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд
Саъдии Шерозӣ 278. Сарве чу ту мебояд, то боғ биёрояд
Саъдии Шерозӣ 279. Фироқро диле аз санг сахттар бояд
Саъдии Шерозӣ 280. Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд
Саъдии Шерозӣ 281. Умедвор чунонам, ки кори баста барояд
Саъдии Шерозӣ 282. Маро чу орзуи рӯи он нигор ояд
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР