Ҷаҳон бар абруйи ид аз ҳилол вусма кашид

Ҷаҳон бар абруйи ид аз ҳилол вусма кашид,
Ҳилоли ид дар абрӯйи ёр бояд дид.

Шикаста гашт чу пушти ҳилол қомати ман,
Камони абруйи ёрам чу вусма боз кашид.

Магар насими хатат субҳ дар чаман бигзашт,
Ки гул ба бӯйи ту бар тан чу субҳ ҷома дарид.

Набуд чангу рубобу набиду уд, ки буд
Гили вуҷуди ман оғуштаи гулобу набид.

Биё, ки бо ту бигӯям ғами малолати дил,
Чаро ки бе ту надорам маҷоли гуфтушунид.

Баҳои васли ту, гар ҷон бувад, харидорам,
Ки ҷинси хуб мубассир ба ҳар чӣ дид, харид.

Чу моҳи рӯйи ту дар шоми зулф медидам,
Шабам ба рӯйи ту равшан чу рӯз мегардид.

Ба лаб расид маро ҷону барнаёмад ком,
Ба сар расид умеду талаб ба сар нарасид.

Зи шавқи рӯйи ту Ҳофиз навишт ҳарфе чанд,
Бихон зи назмашу дар гӯш кун чу марворид.