GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 277. Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд

Бахт боз ояд аз он дар, ки яке чун ту дарояд,
Рӯи маймуни ту дидан дари давлат бикушояд.

Сабри бисёр бибояд падари пири фалакро,
То дигар модари гетӣ чу ту фарзанд бизояд.

Ин латофат, ки ту дорӣ, ҳама дилҳо бифиребад,
В-ин башошат¹, ки ту дорӣ, ҳама ғамҳо бизудояд.

Рашкам аз пираҳан ояд, ки дар оғӯши ту хусбад,
Заҳрам аз ғолия ояд, ки бар андоми ту сояд.

Найшакар бо ҳама ширинӣ, агар лаб бикушоӣ,
Пеши нутқи шакаринат чу най ангушт бихояд.

Гар маро ҳеч набошад на ба дунё, на ба уқбо,
Чун ту дорам, ҳама дорам, дигарам ҳеч набояд.

Дил ба сахтӣ биниҳодам, пас аз он дил ба ту додам,
Ҳар кӣ аз дӯст таҳаммул накунад, аҳд напояд.

Бо ҳама халқ намудам хами абрӯ, ки ту дорӣ,
Моҳи ту ҳар кӣ бибинад, ба ҳама кас бинамояд.

Гар ҳалол аст, ки хуни ҳама олам ту бирезӣ,
Он ки рӯй аз ҳама олам ба ту овард, нашояд.

Чашми ошиқ натавон дӯхт, ки маъшуқ набинад,
Пои булбул натавон баст, ки бар гул насарояд.

Саъдиё, дидани зебо на ҳаром аст, валекин
Назаре гар бирабоӣ, дилат аз каф бирабояд.

¹ Кушодарӯӣ, хушрӯӣ.

Саъдии Шерозӣ 278. Сарве чу ту мебояд, то боғ биёрояд
Саъдии Шерозӣ 279. Фироқро диле аз санг сахттар бояд
Саъдии Шерозӣ 280. Марав ба хоб, ки хобат зи чашм бирбояд
Саъдии Шерозӣ 281. Умедвор чунонам, ки кори баста барояд
Саъдии Шерозӣ 282. Маро чу орзуи рӯи он нигор ояд
Саъдии Шерозӣ 283. Сармаст агар дароӣ, олам ба ҳам барояд
Саъдии Шерозӣ 284. Ба кӯи лоларухон ҳар кӣ ишқбоз ояд
Саъдии Шерозӣ 285. Корвони шакар аз Миср ба Шероз ояд
Саъдии Шерозӣ 286. Агар он аҳдшикан бо сари мисоқ ояд
Саъдии Шерозӣ 287. Начандон орзумандам, ки васфаш дар баён ояд
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР