Саъдии Шерозӣ

289. Он на ишқ аст, ки аз дил ба даҳон меояд

Он на ишқ аст, ки аз дил ба даҳон меояд,
В-он на ошиқ, ки зи маъшуқ ба ҷон меояд.

Гӯ, бирав, дар паси зонуи саломат бинишин,
Он ки аз дасти маломат ба фиғон меояд.

Киштии ҳар кӣ дар ин вартаи хунхор афтод,
Нашунидем, ки дигар ба карон¹ меояд.

Ё мусофир, ки дар ин бодия² саргардон шуд,
Дигар аз вай хабару ному нишон меояд.

Чашми рағбат, ки ба дидори касе кардӣ боз,
Боз бар ҳам маниҳ, ар тиру синон меояд.

Ошиқ он аст, ки бехештан аз шавқи самоъ
Пеши шамшери бало рақскунон меояд.

Ҳошалиллаҳ³, ки ман аз тир бигардонам рӯй,
Гар бидонам, ки аз он дасту камон меояд.

Кушта бинанду муқотил нашиносанд, ки кист,
К-ин хаданг аз назари халқ ниҳон меояд.

Андарун бо ту чунон унс гирифтаст маро,
Ки малолам зи ҳама халқи ҷаҳон меояд.

Шарти ишқ аст, ки аз дӯст шикоят накунанд,
Лекин аз шавқ ҳикоят ба забон меояд.

Саъдиё, ин ҳама фарёди ту бе дарде нест,
Оташе ҳаст, ки дуд аз сари он меояд.

¹ Соҳил, канора.
² Сро, биёбон.
³ Паноҳ бар Худо, аз ман дур бод!