GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 290. Туро сарест, ки бо мо фурӯ намеояд

Туро сарест, ки бо мо фурӯ намеояд,
Маро диле, ки сабурӣ аз ӯ намеояд.

Кадом дида ба рӯи ту боз шуд ҳама умр,
Ки оби дида ба рӯяш фурӯ намеояд?

Ҷуз ин қадар натавон гуфт бар ҷамоли ту айб,
Ки меҳрбонӣ аз он табъу хӯ намеояд.

Чӣ ҷавр, к-аз хами чавгони зулфи мушкинат
Бар уфтодаи мискин чу гӯ намеояд?

Агар ҳазор газанд ояд аз ту бар дили реш,
Бад аз ман аст, ки гӯям, накӯ намеояд.

Гар¹ аз ҳадиси ту кӯтаҳ кунам забони умед,
Ки ҳеч ҳосил аз ин гуфтугӯ намеояд.

Гумон баранд, ки дар удсӯзи синаи ман
Бимурд оташи маънӣ, ки бӯ намеояд.

Чӣ ошиқ аст, ки фарёди дарднокаш нест?
Чӣ маҷлис аст, к-аз ӯ ҳою ҳу намеояд?

Ба шир буд магар шӯри ишқ Саъдиро,
Ки пир гашту тағайюр дар ӯ намеояд?!

¹ Мухаффафи «магар».

Саъдии Шерозӣ 291. Онак, аз ҷаннати фирдавс яке меояд
Саъдии Шерозӣ 292. Ширин даҳони он бути айёр бингаред
Саъдии Шерозӣ 293. Офтоб аст он парирух ё малоик, ё башар?
Саъдии Шерозӣ 294. Омад гаҳи он ки бӯи гулзор
Саъдии Шерозӣ 295. Хуфтани ошиқ якест бар сари дебову хор
Саъдии Шерозӣ 296. Давлати ҷонпарвар аст суҳбати омезгор
Саъдии Шерозӣ 297. Зинда кадом аст бари ҳушёр?
Саъдии Шерозӣ 298. Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр
Саъдии Шерозӣ 299. Эй сабр, пой дор, ки паймон шикаст ёр
Саъдии Шерозӣ 300. Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР