Офтоб аст он парирух ё малоик, ё башар?
Қомат аст он ё қиёмат, ё алиф, ё найшакар?
Гулбун аст он ё тани нозукниҳодаш, ё ҳарир?
Оҳан аст он ё дили номеҳрбонаш, ё ҳаҷар?
Боғи фирдавс аст, гулбаргаш нахонам ё баҳор,
Ҷони ширин аст, хуршедаш нагӯям ё қамар.
Бар фарози сарви симинаш чу бихромад ба ноз,
Чашми шӯрангез бин, то наҷм бинӣ бар шаҷар.
Кош андак моя нармӣ дар хитобаш дидаме,
В-ар маро ишқаш ба сахтӣ кушт, саҳл аст ин қадар.
Гӯша гир, эй ёр, ё ҷон дар миён овар, ки ишқ
Тирборон аст, ё таслим бояд, ё ҳазар.
Духтарони табъро, яъне, сухан бо ин ҷамол
Обрӯе нест пеши они¹ он зебописар.
Охир, эй сарви равон, бар мо гузар кун як замон,
Охир, эй ороми ҷон, дар мо назар кун як назар.
Дӯстеро гуфтам: Инак, умр шуд. Гуфт: Эй аҷаб,
Турфа медорам, ки бе дилдор чун бурдӣ ба сар?!
Гуфт: Саъдӣ, сабр кун ё симу зар деҳ, ё гурез,
Ишқро ё мол бояд, ё сабурӣ, ё сафар.
¹ Ҳусн.