GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 302. Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур

Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур,
Қул, ҳуваллоҳу аҳад¹, чашми бад аз рӯи ту дур!

Одамӣ чун ту дар офоқ нишон натвон дод,
Балки дар ҷаннати фирдавс набошад чу ту ҳур.

Ҳур фардо, ки чунин рӯи биҳиштӣ бинад,
Гараш инсоф бувад, муътариф² ояд ба қусур³.

Шаби мо рӯз набошад, магар он гоҳ, ки ту
Аз шабистон бадар оӣ чу сабоҳ аз дайҷур⁴.

Зиндагонро на аҷаб, гар ба ту майле бошад,
Мурдагон бознишинанд ба ишқат зи қубур⁵.

Он баҳоим натавон гуфт, ки ҷоне дорад,
Ки надорад назаре бо чу ту зебоманзур.

Сеҳри чашмони ту ботил накунад чашмовез,
Маст чандон ки бикӯшанд, набошад мастур.

Ин ҳаловат, ки ту дорӣ, на аҷаб, к-аз дастат
Асалӣ⁶ дӯзаду зуннор бибандад занбур.

Ончи дар ғайбатат, эй дӯст, ба ман мегузарад,
Натавонам, ки ҳикоят кунам, илло ба ҳузур.

Манам имрӯзу ту ангуштнамои зану мард,
Ман ба ширинсуханӣ, ту ба накӯӣ машҳур.

Сахтам ояд, ки ба ҳар дида туро менигаранд,
Саъдиё, ғайратат омад, на аҷаб Саъди⁷ ғаюр.

¹ Ба манзури дур будан аз чашмзахм мегӯянд.
² Эътирофкунанда.
³ Кӯтоҳӣ.
⁴ Шаби торик.
⁵ Гӯрҳо, қабрҳо.
⁶ Порчаи зарде, ки аҳли зимма (махсусан яҳудиён) барои имтиёз бар ҷома медӯхтанд.
⁷ Саъди Зангӣ, ки Саъдӣ мансуб ба ӯст.

Саъдии Шерозӣ 303. Парвона намешикебад аз дур
Саъдии Шерозӣ 304. Он кист, ки меравад ба нахҷир
Саъдии Шерозӣ 305. Аз ҳама бошад ба ҳақиқат гузир
Саъдии Шерозӣ 306. Эй писари дилрабо в-эй қамари дилпазир
Саъдии Шерозӣ 307. Дил баргирифтӣ аз барам, эй дӯст, даст гир
Саъдии Шерозӣ 308. Фитнаам бар зулфу болои ту, эй бадри мунир
Саъдии Шерозӣ 309. Мо дар ин шаҳр ғарибему дар ин мулк фақир
Саъдии Шерозӣ 310. Эй ба хулқ аз ҷаҳониён мумтоз
Саъдии Шерозӣ 311. Мутақаллиб даруни ҷомаи ноз
Саъдии Шерозӣ 312. Бузург давлати он, к-аз дараш ту оӣ боз
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР