Ҳофизи Шерозӣ

4. Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост

Моҳе, ки қадаш ба сарв мемонад, рост,
Оина ба дасту рӯйи худ меорост.
Дасторчае пешкашаш кардам, гуфт:
«Васлам талабӣ? Зиҳӣ хаёле, ки турост!»