GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 317. Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас

Бӯи баҳор омад, бинол, эй булбули шириннафас,
В-ар пойбандӣ ҳамчу ман, фарёд мехон аз қафас.

Гиранд мардум дӯстон номеҳрбону меҳрбон,
Ҳар рӯз хотир бо яке, мо худ яке дорему бас.

Маҳмули пешоҳанро аз ман бигӯ, эй сорбон,
Ту хоб мекун бар шутур, то бонг бардорад ҷарас.

Ширинбизоат бар магас чандон ки тундӣ мекунад,
Ӯ бодбезан ҳамчунон дар дасту меояд магас.

Панди хирадмандон чӣ суд, акнун ки бандам сахт шуд?
Гар ҷастам ин бор аз қафас, бедор бошам з-ин сипас.

Гар дӯст меояд барам, ё теғи душман бар сарам,
Ман бо касе афтодаам, к-аз вай напардозам ба кас.

Бо ҳар кӣ биншинам даме, к-аз ёди ӯ ғофил шавам,
Чун субҳи бехуршедам, аз дил барнамеояд нафас.

Ман муфлисам дар корвон, гӯ, ҳар кӣ хоҳӣ, қасд кун,
Нагзошт мутриб дар барам чандон, ки бистонад асас¹.

Гар панд мехоҳӣ, бидеҳ, в-ар банд мехоҳӣ, бинеҳ,
Девона сар хоҳад ниҳод, он гаҳ ниҳад аз сар ҳавас.

Фарёди Саъдӣ дар ҷаҳон афкандӣ, эй ороми ҷон,
Чандин ба фарёд оварӣ? Боре ба фарёдаш бирас!

¹ Посбон.

Саъдии Шерозӣ 318. Имшаб магар ба вақт намехонад ин хурӯс?!
Саъдии Шерозӣ 319. Ҳар кӣ бе дӯст мебарад хобаш
Саъдии Шерозӣ 320. Ёре ба даст кун, ки ба уммеди роҳаташ
Саъдии Шерозӣ 321. Он ки ҳалоки ман ҳамехоҳаду ман саломаташ
Саъдии Шерозӣ 322. Хиҷил аст сарви бустон бари қомати баландаш
Саъдии Шерозӣ 323. Ҳар кӣ нозук бувад тани ёраш
Саъдии Шерозӣ 324. Ҳар кӣ номеҳрбон бувад ёраш
Саъдии Шерозӣ 325. Кас надидаст ба ширинию лутфу нозаш
Саъдии Шерозӣ 326. Даст ба ҷон намерасад, то ба ту барфишонамаш
Саъдии Шерозӣ 327. Чун баромад моҳрӯй аз матлаъи пироҳанаш
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР