Эй ҳама шакли ту матбӯъу ҳама ҷойи ту хуш

Эй ҳама шакли ту матбӯъу ҳама ҷойи ту хуш,
Дилам аз ишваи ширини шакархои ту хуш.

Ҳамчу гулбарги тарӣ ҳаст вуҷуди ту латиф,
Ҳамчу сарви чамани хулд саропойи ту хуш.

Шеваву нози ту ширин, хату холи ту малеҳ,
Чашму абрӯи ту зебо, қаду болои ту хуш.

Ҳам гулистони хаёлам зи ту пурнақшунигор,
Ҳам машоми дилам аз зулфи сумансои ту хуш.

Дар раҳи ишқ, ки аз сели бало нест гузор,
Кардаам хотири худро бо таманои ту хуш.

Пеши чашми ту бимирам, ки бад-он беморӣ
Мекунад дарди маро аз рухи зебои ту хуш.

Дар биёбони талаб гарчи зи ҳар сӯ хатарест,
Меравад Ҳофизи бедил ба таваллои ту хуш.