GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 323. Ҳар кӣ нозук бувад тани ёраш

Ҳар кӣ нозук бувад тани ёраш,
Гӯ, дили нозанин нигаҳ дораш.

Ошиқи гул дурӯғ мегӯяд,
Ки таҳаммул намекунад хораш.

Некхоҳо, дар оташам бигзор,
В-ин насиҳат макун, ки бигзораш.

Кош бо дил ҳазор ҷон будӣ,
То фидо кардаме ба дидораш.

Ошиқи содиқ аз маломати дӯст
Гар биранҷад, ба дӯст машмораш.

Кас ба ороми ҷони мо нарасад,
Ки на аввал расад ба ҷон кораш.

Хонаи ёри сангдил ин аст,
Ҳар кӣ сар мезанад ба девораш.

Хуни мо худ маҳалли он дорад,
Ки бувад пеши дӯст миқдораш.

Саъдиё, гар ба ҷон хитоб кунад,
Тарки ҷон гӯю дил ба даст ораш.

Саъдии Шерозӣ 324. Ҳар кӣ номеҳрбон бувад ёраш
Саъдии Шерозӣ 325. Кас надидаст ба ширинию лутфу нозаш
Саъдии Шерозӣ 326. Даст ба ҷон намерасад, то ба ту барфишонамаш
Саъдии Шерозӣ 327. Чун баромад моҳрӯй аз матлаъи пироҳанаш
Саъдии Шерозӣ 328. Раҳо намекунад айём дар канори манаш
Саъдии Шерозӣ 329. Хуш аст дард, ки бошад умеди дармонаш
Саъдии Шерозӣ 330. Зинҳор аз даҳони хандонаш
Саъдии Шерозӣ 331. Ҳар кӣ ҳаст илтифот бар ҷонаш
Саъдии Шерозӣ 332. Ҳар кӣ савдои ту дорад, чӣ ғам аз ҳар кӣ ҷаҳонаш?
Саъдии Шерозӣ 333. Хато кардӣ ба қавли душманон гӯш
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР