Маҷмаъи хубию лутф аст изори чун маҳаш

Маҷмаъи хубию лутф аст изори чун маҳаш,
Лекинаш меҳру вафо нест, Худоё, бидиҳаш.

Дилбарам шоҳиду тифл асту ба бозӣ рӯзе
Бикушад зораму дар шаръ набошад гунаҳаш.

Ман ҳамон беҳ, ки аз ӯ нек нигаҳ дорам дил,
Ки баду нек надидасту надорад нигаҳаш.

Бӯйи шир аз лаби ҳамчун шакараш меояд,
Гарчи хун мечакад аз шеваи чашми сияҳаш.

Чордаҳсола буте чобуку ширин дорам,
Ки ба ҷон ҳалқабагӯш аст маҳи чордаҳаш.

Аз пайи он гули навруста дили мо, ё Раб,
Худ куҷо шуд, ки надидем дар ин чанд гаҳаш?!

Ёри дилдори ман ар қалб бад-ин сон шиканад,
Бибарад зуд ба ҷондории худ подшаҳаш.

Ҷон ба шукрона кунам сарф, гар он донаи дур
Садафи синаи Ҳофиз шавад оромгаҳаш.