Дилам рамида шуду ғофилам мани дарвеш

Дилам рамида шуду ғофилам мани дарвеш,
Ки он шикории саргаштаро чӣ омад пеш.

Чу бед бар сари имони хеш меларзам,
Ки дил ба дасти камонабруест кофаркеш.

Хаёли ҳавсалаи баҳр мепазад, ҳайҳот,
Чиҳост дар сари ин қатраи муҳоландеш?!

Бинозам он мижаи шӯхи афияткушро,
Ки мавҷ мезанадаш оби нӯш бар сари неш.

Зи остини табибон ҳазор хун бичакад,
Гарам ба таҷриба дасте ниҳанд бар дили реш.

Ба кӯйи майкада гирёну сарфиканда равам,
Чаро ки шарм ҳамеоядам зи ҳосили хеш.

На умри Хизр бимонад, на мулки Искандар,
Низоъ бар сари дунёи дун макун, дарвеш!

Бад-он камар нарасад дасти ҳар гадо, Ҳофиз,
Хизонае ба каф овар зи ганҷи Қорун беш.