Саъдии Шерозӣ

330. Зинҳор аз даҳони хандонаш

Зинҳор аз даҳони хандонаш,
В-оташи лаълу оби дандонаш.

Магар он доя, к-ин санам парвард,
Шаҳд будаст шири пистонаш?

Боғбон гар бибинад ин рафтор,
Сарв берун кунад зи бустонаш.

В-ар чунин ҳур дар биҳишт ояд,
Ҳама ходим шаванд ғилмонаш¹.

Чоҳе андар раҳи мусулмонон
Нест, илло чаҳи занахдонаш.

Чанд хоҳӣ чу ман бар ин лаби чоҳ
Мутааттиш² бар оби ҳайвонаш?

Шояд, ин рӯй агар сабил кунад
Бар тамошокунони ҳайронаш.

Сарбоно, ҷамоли Каъба куҷост,
Ки бимурдем дар биёбонаш?

Баски дар хок метапад чун гӯй
Аз хами зулфи ҳамчу чавгонаш.

Лоҷарам ақл мунҳазим шуду сабр,
Ки набуданд марди майдонаш.

Мо дигар бе ту сабр натвонем,
Ки ҳамин буд ҳадди имконаш.

Аз маломат чӣ ғам хурад Саъдӣ?
Мурда аз нештар матарсонаш.

¹ Ҷавонони зебои биҳиштӣ.
² Бисёр ташна.