Саъдии Шерозӣ

333. Хато кардӣ ба қавли душманон гӯш

Хато кардӣ ба қавли душманон гӯш,
Ки аҳди дӯстон кардӣ фаромӯш.

Кӣ гуфт, он рӯи шаҳророй бинмой?
Дигар бораш, ки бинмудӣ, фаропӯш.

Дили сангинат огоҳӣ надорад,
Ки ман чун деги рӯин мезанам ҷӯш.

Намебинам халос аз дасти фикрат,
Магар к-афтода бошам масту мадҳуш.

Ба зоҳир панди мардум мениюшам,
Ниҳонам ишқ мегӯяд, ки манюш!

Магар соқӣ, ки бистонам зи дасташ,
Магар мутриб, ки бар қавлаш кунам гӯш.

Маро ҷоме бидеҳ в-ин ҷома бистон,
Маро нуқле бинеҳ в-ин хирқа бифрӯш.

Нишастам, то бурун оӣ хиромон,
Ту берун омадӣ, ман рафтам аз ҳуш.

Ту дар олам намегунҷӣ зи хубӣ,
Маро ҳаргиз куҷо гунҷӣ дар оғӯш?

Хирадмандон насиҳат мекунандам,
Ки, Саъдӣ, чун дуҳул беҳуда махрӯш.

Валекин то ба чавгон мезанандаш,
Дуҳул ҳаргиз нахоҳад буд хомӯш.