GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 335. Якеро дасти ҳасрат бар буногӯш

Якеро дасти ҳасрат бар буногӯш,
Яке бо он ки мехоҳад, дар оғӯш.

Надонад дӯш бар дӯши ҳарифон,
Ки танҳомонда чун хуфт аз ғамаш дӯш?

Накӯгӯён насиҳат мекунандам,
Зи ман фарёд меояд, ки хомӯш!

Зи бонги руду овои сурудам
Дигар ҷои насиҳат нест дар гӯш.

Маро гӯянд: Чашм аз вай бипӯшон,
Варо гӯ: Бурқаъе бар хештан пӯш.

Нишоне з-он парӣ то дар хаёл аст,
Наёяд ҳаргиз ин девона бо ҳуш.

Намешояд гирифтан чашмаи чашм,
Ки дарёи дарун меоварад ҷӯш.

Биё, то ҳар чӣ ҳаст, аз дасти маҳбуб
Биёшомем, агар заҳр аст, агар нӯш.

Маро дар хоки роҳи дӯст бигзор,
Бирав, гӯ, душман андар хуни ман кӯш!

На ёре сустпаймон аст Саъдӣ,
Ки дар сахтӣ кунад ёрӣ фаромӯш.

Саъдии Шерозӣ 336. Рафтию намешавӣ фаромӯш
Саъдии Шерозӣ 337. Гар яке аз ишқ барорад хурӯш
Саъдии Шерозӣ 338. Диле кӣ дид, ки ғоиб шудаст аз ин дарвеш
Саъдии Шерозӣ 339. Гардан афроштаам бар фалак аз толиъи хеш
Саъдии Шерозӣ 340. Ҳар касеро ҳавасе дар сару коре дар пеш
Саъдии Шерозӣ 341. Гарам қабул кунӣ, в-ар биронӣ аз бари хеш
Саъдии Шерозӣ 342. Ёри бегона нагирад, ҳар кӣ дорад ёри хеш
Саъдии Шерозӣ 343. Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам
Саъдии Шерозӣ 344. Соқӣ, бидеҳ он шароби гулранг
Саъдии Шерозӣ 345. Гарам боз омадӣ маҳбуби симандоми сангиндил
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР