Саъдии Шерозӣ

337. Гар яке аз ишқ барорад хурӯш

Гар яке аз ишқ барорад хурӯш,
Бар сари оташ на ғариб аст ҷӯш.

Пираҳане гар бидарад з-иштиёқ,
Домани афваш ба гунаҳ-бар бипӯш.

Бӯи гул овард насими сабо,
Булбули бедил нанишинад хамӯш.

Мутриб агар парда аз ин раҳ занад,
Бознаёянд ҳарифон ба ҳуш.

Соқӣ, агар бода аз ин хум диҳад,
Хирқаи сӯфӣ бибарад майфурӯш.

Заҳр биёвар, ки зи аҷзои ман
Бонг барояд ба иродат, ки «нӯш!»

Аз ту напурсанд дарозии шаб,
Он кас донад, ки нахуфтаст дӯш.

Ҳайф бувад мурдани бе ошиқӣ,
То нафасе дорию нафсе, бикӯш!

Сар, ки на дар пои азизон равад,
Бори гарон аст кашидан ба дӯш.

Саъдӣ агар хок шавад, ҳамчунонм Нолаи зориданаш ояд ба гӯш.

Ҳар кӣ диле дорад, аз анфоси ӯ
Мешунавад то ба қиёмат хурӯш.