Хуршед зери сояи зулфи чу шоми ӯст

Хуршед зери сояи зулфи чу шоми ӯст,
Тӯбо¹ ғуломи қадди санавбархироми ӯст.

Он қомат аст? Не, ба ҳақиқат қиёмат аст,
Зеро ки растахези ман андар қиёми ӯст.

Бар марг дил хуш аст дар ин воқиа маро,
К-оби ҳаёт² дар лаби ёқутфоми ӯст.

Бӯи баҳор медамадам ё насими субҳ,
Боди биҳишт мегузарад ё паёми ӯст?

Дил ишва мефурӯхт, ки ман мурғи зиракам,
Инак, фитода дар сари зулфи чу доми ӯст.

Бечора мондаам ҳама рӯзе ба доми ӯ,
В-инак, фитодаам ба ғарибӣ, ки коми ӯст.

Ҳар лаҳза дар барам дил аз андеша хун шавад,
То худ ғуломи кист, ки Саъдӣ ғуломи ӯст.


¹ Номи дарахтест дар биҳишт.
² Оби зиндагонӣ, ки зиндагии ҷовидон мебахшад.