Ошиқи рӯйи ҷавоне хушу навхостаам

Ошиқи рӯйи ҷавоне хушу навхостаам
В-аз Худо давлати ин ғам ба дуо хостаам.

Ошиқу ринду назарбозаму мегӯям фош,
То бидонӣ, ки ба чандин ҳунар оростаам.

Шармам аз хирқаи олудаи худ меояд,
Ки бар ӯ васла ба сад шуъбада перостаам.

Хуш бисӯз аз ғамаш, эй шамъ, ки инак ман низ
Ҳам бад-ин кор камар баставу бархостаам.

Бо чунин ғайратам аз даст бишуд сарфаи кор,
Дар ғам афзудаам, он-ч аз дилу ҷон костаам.

Ҳамчу Ҳофиз ба харобот равам ҷомақабо,
Бу, ки дар бар кашад он дилбари навхостаам.