Саъдии Шерозӣ

351. Нишаста будаму хотир ба хештан машғул

Нишаста будаму хотир ба хештан машғул,
Дари сарой ба ҳам карда аз хуруҷу духул.

Шаби дароз ду чашмам бар остони умед,
Ки бомдод дари ҳуҷра мезанад маъмул.

Хумор дар сару дасташ ба хуни ҳушёрон
Хазибу наргиси масташ ба ҷодуӣ макҳул.

Биёр соқию ҳамсоя, гӯ, ду чашм бибанд,
Ки ман ду гӯш биёгандам аз ҳадиси азул¹.

Чунон тасаввури маъшуқ дар хаёли ман аст,
Ки дигарам мутасаввар намешавад маъқул.

Ҳадиси ақл дар айёми подшоҳии ишқ
Чунон шудаст, ки фармони омили маъзул.

Шикоят аз ту надорам, ки шукр бояд кард,
Гирифта хонаи дарвеш подшаҳ ба нузул.

Бар он симот², ки манзури мизбон бошад,
Шикампараст кунад илтифот бар маъкул³.

Ба дӯстӣ, ки зи дасти ту зарбати шамшер
Чунон мувофиқи табъ оядам, ки зарби усул⁴.

Маро ба ошиқию дӯстро ба маъшуқӣ
Чӣ нисбат аст? Бигӯед, қотилу мақтул.

Маро ба гӯши ту бояд ҳикоят аз лаби хеш,
Дареғ бошад пайғоми мо ба дасти расул.

Даруни хотири Саъдӣ маҷоли ғайри ту нест,
Чу хуш бувад ба ту аз ҳар кӣ дар ҷаҳон, машғул.

¹ Бисёр накӯҳишкунанда.
² Суфра.
³ Хурокӣ, хурданӣ.
⁴ Навохтани оҳанг.