Саъдии Шерозӣ

360. Шамъ бихоҳад нишаст, бознишин, эй ғулом

Шамъ бихоҳад нишаст, бознишин, эй ғулом,
Рӯи ту дидан ба субҳ рӯз намояд тамом.

Мутриби ёрон бирафт, соқии мастон бихуфт,
Шоҳиди мо барқарор, маҷлиси мо бардавом.

Булбули боғи сарой субҳ нишон медиҳад,
В-аз дари айвон бихост бонги хурӯсони бом.

Мо ба ту пардохтем хонаву ҳар-ч андар ӯст,
Ҳар чӣ писанди шумост, бар ҳама олам ҳаром.

Хоҳиям озод кун, хоҳ қавитар бибанд,
Мисли ту сайёдро кас нагурезад зи дом.

Ҳар кӣ дар оташ нарафт, бехабар аз сӯзи мост,
Сӯхта донад, ки чист пухтани савдои хом.

Аввалам андеша буд, то нашавам номзишт,
Фориғам акнун зи санг, чун бишикастанд ҷом.

Саъдӣ, агар ному нанг дар сари ӯ шуд, чӣ шуд?
Марди раҳи ишқ нест, к-иш ғами нанг асту ном.