Дар ниҳонхонаи ишрат санаме х(в)аш дорам

Дар ниҳонхонаи ишрат санаме х(в)аш дорам,
К-аз сари зулфу рухаш наъл дар оташ дорам.

Ошиқу риндаму майхора ба овози баланд
В-ин ҳама мансаб аз он ҳури париваш дорам.

Гар ту з-ин даст маро бесарусомон дорӣ,
Ман ба оҳи саҳарат зулф мушавваш дорам.

Гар чунин чеҳра кушояд хати зангории дӯст,
Ман рухи зард ба хуноба мунаққаш дорам.

Гар ба кошонаи риндон қадаме хоҳӣ зад,
Нуқли шеъри шакарину майи беғаш дорам.

Новаки ғамза биёру зираҳи зулф, ки ман
Ҷангҳо бо дили маҷрӯҳи балокаш дорам.

Ҳофизо, чун ғаму шодии ҷаҳон даргузар аст,
Беҳтар он аст, ки ман хотири худ х(в)аш дорам.