GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 366. Гар халқ бидонанд, ки ман ошиқу мастам

Гар халқ бидонанд, ки ман ошиқу мастам,
Овоза дуруст аст, ки ман тавба шикастам.

Гар душманам изо кунаду дӯст маломат,
Ман фориғам, аз ҳар чӣ бигӯянд, ки ҳастам.

Эй нафс, ки матлуби ту номусу риё буд,
Аз банди ту бархостаму хуш бинишастам.

Аз рӯи нигорини ту безорам, агар ман,
То рӯи ту дидам, ба дигар кас нигаристам.

З-ин пеш баромехтаме бо ҳама мардум,
То ёр бидидам, дари ағёр бибастам.

Эй соқӣ, аз он пеш, ки мастам кунӣ аз май,
Ман худ зи назар дар қаду болои ту мастам.

Шабҳо гузарад бар ман аз андешаи рӯят,
То рӯз на ман хуфта, на ҳамсоя зи дастам.

Ҳайф аст сухан гуфтан бо ҳар кас аз он лаб,
Дашном ба ман деҳ, ки дурудат бифиристам.

Дерест, ки Саъдӣ ба дил аз ишқи ту мегуфт:
Ин бут на аҷаб бошад, агар ман бипарастам.

Банди ҳама ғамҳои ҷаҳон бар дили ман буд,
Дар банди ту афтодаму аз ҷумла бирастам.

Саъдии Шерозӣ 367. Ман худ, эй соқӣ, аз ин шавқ ки дорам, мастам
Саъдии Шерозӣ 368. Дил пеши туву дида ба ҷои дигарастам
Саъдии Шерозӣ 369. Чу ту омадӣ, маро бас, ки ҳадиси хеш гуфтам
Саъдии Шерозӣ 370. Ман ҳамон рӯз, ки он хол бидидам, гуфтам
Саъдии Шерозӣ 371. Ман аз он рӯз, ки дар банди туам, озодам
Саъдии Шерозӣ 372. Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам
Саъдии Шерозӣ 373. Ҳазор аҳд бикардам, ки гирди ишқ нагардам
Саъдии Шерозӣ 374. Аз дар даромадию ман аз худ бадар шудам
Саъдии Шерозӣ 375. Чунон дар қайди меҳрат пойбандам
Саъдии Шерозӣ 376. Хиромон аз дарам боз о, к-ит аз ҷон орзумандам
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР