Гар даст расад дар сари зулфайни ту бозам

Гар даст расад дар сари зулфайни ту бозам,
Чун гӯй чӣ сарҳо, ки ба чавгони ту бозам.

Зулфи ту маро умри дароз аст, вале нест
Дар даст сари мӯе аз он умри дарозам.

Парвонаи роҳат бидеҳ, эй шамъ, ки имшаб
Аз оташи дил пеши ту чун шамъ гудозам.

Он дам, ки ба як ханда диҳам ҷон чу суроҳӣ,
Мастони ту хоҳам, ки гузоранд намозам.

Чун нест намози мани олуда намозӣ,
Дар майкада з-он кам нашавад сӯзу гудозам.

Дар масҷиду майхона хаёлат агар ояд,
Меҳробу камонча зи ду абрӯйи ту созам.

Гар хилвати моро шабе аз рух бифурӯзӣ,
Чун субҳ бар офоқи ҷаҳон сар бифарозам.

Маҳмуд бувад оқибати кор дар ин роҳ,
Гар сар биравад дар сари савдои Аёзам.

Ҳофиз, ғами дил бо кӣ бигӯям, ки дар ин давр
Ҷуз ҷом нашояд, ки бувад маҳрами розам.