Саъдии Шерозӣ

372. Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам

Ишқбозӣ на ман, охир, ба ҷаҳон овардам,
Ё гуноҳест, ки аввал мани мискин кардам.

Ту ки аз сурати ҳоли дили мо бехабарӣ,
Ғами дил бо ту нагӯям, ки надонӣ дардам.

Эй ки пандам диҳӣ аз ишқу маломам гӯӣ,
Ту набудӣ, ки ман ин ҷоми муҳаббат х(в)ардам.

Ту бирав, маслиҳати хештан андеш, ки ман
Тарки ҷон додам, аз он пеш, ки дил биспурдам.

Аҳд кардем, ки ҷон дар сари кори ту кунем,
В-агар ин аҳд ба поён набарам, номардам.

Ман ки рӯй аз ҳама олам ба висолат кардам,
Шарти инсоф набошад, ки бимонӣ фардам¹.

Рост хоҳӣ, ту маро шефта мегардонӣ,
Гирди олам ба чунин рӯз на ман мегардам.

Хоки наълайни ту, эй дӯст, намеёрам шуд,
То бар он домани исмат нанишинад гардам.

Рӯзи девони ҷазо дасти ману домани ту,
То бигӯӣ дили Саъдӣ ба чӣ ҷурм озардам?

¹ Танҳо.