Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст

Гуфтам, магар ба хоб бибинам хаёли дӯст,
Инак, алассабоҳ¹ назар бар ҷамоли дӯст.

Мардум ҳилоли ид бидиданду пеши мо
Ид асту онак², абруи ҳамчун ҳилоли дӯст.

Моро дигар ба сарви баланд илтифот нест
Аз дӯстии қомати боэътидоли дӯст.

З-он бехудам, ки ошиқи содиқ набошадаш
Парвои нафси хештан аз иштиғоли дӯст.

Эй хоб, гирди дидаи Саъдӣ дигар магард,
Ё дида ҷои хоб бувад, ё хаёли дӯст.


¹ Бомдодон.
² Акнун он ҷост.