GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 381. Ду ҳафта мегузарад, к-он маҳи дуҳафта надидам

Ду ҳафта мегузарад, к-он маҳи дуҳафта надидам,
Ба ҷон расидам аз он, то ба хидматаш нарасидам.

Ҳариф аҳди муваддат шикасту ман нашикастам,
Халил бехи иродат буриду ман набуридам.

Ба коми душманам, эй дӯст, оқибат бинишондӣ,
Ба ҷои худ, ки чаро панди дӯстон нашунидам.

Маро ба ҳеч бидодӣ хилофи шарти муҳаббат,
Ҳанӯз бо ҳама айбат ба ҷону дил бихаридам.

Ба хоки пои ту гуфтам, ки то ту дӯст гирифтам,
Зи дӯстони маҷозӣ чу душманон бирамидам.

Қасам ба рӯи ту гӯям аз он замон, ки бирафтӣ,
Ки ҳеч рӯй надидам, ки рӯй дарнакашидам.

Туро бибинаму хоҳам, ки хоки пои ту бошам,
Маро бибинию чун бод бигзарӣ, ки надидам.

Миёни халқ надидӣ, ки чун давидамат аз пай,
Зиҳӣ хиҷолати мардум, чаро ба сар надавидам?

Шакар хуш аст, валекин ҳаловаташ ту надонӣ,
Ман ин муомила донам, ки табъи сабр чашидам.

Маро равост, ки даъво кунам ба сидқи иродат,
Ки ҳеч дар ҳама олам ба дӯст барнагузидам.

Бинол, мутриби маҷлис, бигӯй гуфтаи Саъдӣ,
Шароби унс биёвар, ки ман на марди набидам.

Саъдии Шерозӣ 382. Ман чун ту ба дилбарӣ надидам
Саъдии Шерозӣ 383. Меравам, в-аз сари ҳасрат ба қафо менигарам
Саъдии Шерозӣ 384. Нарафт, то ту бирафтӣ, хаёлат аз назарам
Саъдии Шерозӣ 385. Як имшабе, ки дар оғӯши шоҳиди шакарам
Саъдии Шерозӣ 386. Шаби дароз ба уммеди субҳ бедорам
Саъдии Шерозӣ 387. Ман он наям, ки дил аз меҳри дӯст бардорам
Саъдии Шерозӣ 388. Манам ин бе ту, ки парвои тамошо дорам?
Саъдии Шерозӣ 389. Боз аз шароби дӯшин сар дар хумор дорам
Саъдии Шерозӣ 390. На дастрасӣ ба ёр дорам
Саъдии Шерозӣ 391. Ман, агар назар ҳаром аст, басе гуноҳ дорам
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Саъдии Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР