Саъдии Шерозӣ

386. Шаби дароз ба уммеди субҳ бедорам

Шаби дароз ба уммеди субҳ бедорам,
Магар, ки бӯи ту орад насими асҳорам.

Аҷаб, ки бехи муҳаббат намедиҳад борам,
Ки бар вай ин ҳама борони шавқ меборам.

Аз остонаи хидмат наметавонам рафт,
Агар ба манзили қурбат намедиҳӣ борам.

Ба теғи ҳаҷр бикуштӣ марову баргаштӣ,
Биёву зиндаи ҷовид кун дигар борам.

Чӣ рӯзҳо ба шаб овардаам дар ин уммед,
Ки бо вуҷуди азизат шабе ба рӯз орам.

Чӣ ҷурм рафт, ки бо мо сухан намегӯӣ?
Чӣ кардаам, ки ба ҳиҷрони ту сазоворам?

Ҳанӯз бо ҳама бадаҳдият дуогӯям,
Ҳанӯз бо ҳама бемеҳрият талабгорам.

Ман аз ҳикояти ишқи ту бас кунам? Ҳайҳот!
Магар аҷал, ки бибандад забони гуфторам.

Ҳанӯз қиссаи ҳиҷрону достони фироқ
Ба сар нарафту ба поён расид тӯморам.

Агар ту умр дар ин моҷаро кунӣ, Саъдӣ,
Ҳадиси ишқ ба поён расад? Напиндорам.

Ҳадиси дӯст нагӯям магар ба ҳазрати дӯст,
Яке тамом бувад мутталеъ бар асрорам.