Гарам аз даст бархезад, ки бо дилдор биншинам

Гарам аз даст бархезад, ки бо дилдор биншинам,
Зи ҷоми васл май нӯшам, зи боғи айш гул чинам.

Шароби талхи сӯфисӯз бунёдам бихоҳад бурд,
Лабам бар лаб ниҳ, эй соқию бистон ҷони ширинам.

Магар девона хоҳам шуд дар ин савдо, ки шаб то рӯз
Сухан бо моҳ мегӯям, парӣ дар хоб мебинам.

Лабат шаккар ба мастон доду чашмат май ба майхорон,
Манам, к-аз ғояти ҳирмон на бо инам, на бо онам.

Чу ҳар хоке, ки бод овард, файзе бурд аз инъомат,
Зи ҳоли банда ёд овар, ки хидматгори деринам.

На ҳар к-ӯ нақши назме зад, каломаш дилпазир афтад,
Тазарви турфа ман гирам, ки чолок аст шоҳинам.

Агар бовар намедорӣ, рав, аз суратгари Чин пурс,
Ки Монӣ нусха мехоҳад зи нӯги килки мушкинам.

Вафодорию ҳақгӯйӣ на кори ҳар касе бошад,
Ғуломи Осафи сонӣ Ҷалолулҳаққи ва-д-динам.

Румузи мастию риндӣ зи ман бишнав, на аз воиз,
Ки бо ҷому қадаҳ ҳар шаб надими Моҳу Парвинам.