GUFTOR
САЪДӢ ҲОФИЗ
САЪДӢ ҲОФИЗ
Саъдии Шерозӣ 394. Ба Худо, агар бимирам, ки дил аз ту барнагирам

Ба Худо, агар бимирам, ки дил аз ту барнагирам,
Бирав, эй табиб, аз сар, ки даво намепазирам.

Ҳама умр бо ҳарифон бинишастамею хубон,
Ту бихостию нақшат бинишаст дар замирам.

Мадиҳ, эй ҳаким, пандам, ки ба кор дарнабандам,
Ки зи хештан гузир асту зи дӯст ногузирам.

Бирав, эй сипар, зи пешам, ки ба ҷон расид пайкон,
Бигузор, то бибинам, ки кӣ мезанад ба тирам.

На нишоти дӯстонам, на фароғи бӯстонам,
Биравед, эй рафиқон, ба сафар, ки ман асирам.

Ту дар об агар бибинӣ ҳаракоти хештанро,
Ба забони худ бигӯӣ, ки ба ҳусн беназирам.

Ту ба хоби хуш биёсою ба айшу комронӣ,
Ки на ман ғунудаам дӯшу на мардум аз нафирам.

На¹ тавонгарон бибахшанд фақири нотавонро?
Назаре кун, эй тавонгар, ки ба диданат фақирам.

Агарам чу уд созӣ, тани ман фидои ҷонат,
Ки хуш аст айши мардум ба равойиҳи абирам.

На ту гуфтаӣ, ки Саъдӣ набарад зи дасти ман ҷон,
На ба хоки пои мардон чу ту мекушӣ, намирам.

¹ Магар на ин ки

Саъдии Шерозӣ 395. Гар ман зи муҳаббатат бимирам
Саъдии Шерозӣ 396. Ман ин тамаъ накунам, к-аз ту ком баргирам
Саъдии Шерозӣ 397. Аз ту бо маслиҳати хеш намепардозам
Саъдии Шерозӣ 398. Назар аз муддаъиён бар ту намеандозам
Саъдии Шерозӣ 399. Хунук он рӯз, ки дар пои ту ҷон андозам
Саъдии Шерозӣ 400. Ваҳ, ки дар ишқ чунон месӯзам
Саъдии Шерозӣ 401. Як рӯз ба шайдоӣ дар зулфи ту овезам
Саъдии Шерозӣ 402. Мани бемоя кӣ бошам, ки харидори ту бошам?
Саъдии Шерозӣ 403. Дар он нафас ки бимирам, дар орзуи ту бошам
Саъдии Шерозӣ 404. Ғами замона хурам ё фироқи ёр кашам?
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Гулистон (164)
Саъдии Шерозӣ Ҳаким Низомии Ганҷавӣ. Лайлӣ ва Маҷнун (20)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Ғазалиёт (495)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Рубоиёт (42)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Ғазалиёт (637)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Баҳористон (2)
Саъдии Шерозӣ Абдураҳмони Ҷомӣ. Мунтахаби ғазалиёт (450)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Бӯстон (5)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қитаот (34)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Қасоид (3)
Саъдии Шерозӣ Ҳофизи Шерозӣ. Маснавиёт (2)
Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ. Аз Гулистон (326)
Саъдии Шерозӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ғазалиёт, қасоид ва қитаъот (10)
© 2020 СОМОНАИ ГУФТОР