Он ки помоли ҷафо кард чу хоки роҳам

Он ки помоли ҷафо кард чу хоки роҳам,
Хок мебӯсаму узри қадамаш мехоҳам.

Ман на онам, ки ба ҷавр аз ту бинолам, ҳошо,
Бандаи муътақиду чокари давлатхоҳам.

Бастаам дар хами гесӯи ту уммеди дароз,
Он мабодо, ки кунад дасти талаб кӯтоҳам.

Зарраи хокаму дар кӯйи туам вақт хуш аст,
Тарсам, эй дӯст, ки боде бибарад ногоҳам.

Пири майхона саҳар ҷоми ҷаҳонбинам дод
В-андар он оина аз ҳусни ту кард огоҳам.

Сӯфии савмааи олами қудсам, лекин
Ҳолиё дайри муғон аст ҳаволатгоҳам.

Бо мани роҳнишин хез, суйи майкада ой,
То дар он ҳалқа бибинӣ, ки чӣ соҳибҷоҳам.

Маст бигзаштию аз Ҳофизат андеша набуд,
Оҳ, агар домани ҳусни ту бигирад оҳам!

Хушам омад, ки саҳар хусрави Ховар мегуфт:
Бо ҳама подшаҳӣ бандаи Туроншоҳам.