Ҷӯйи Мӯлиён

ҶӮЙИ МӮЛИЁН

1. Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён¹ ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

2. Реги Омуву² дуруштий³ роҳи ӯ
Зери поям парниён⁴ ояд ҳаме.

3. Оби Ҷайҳун⁵ аз нишоти⁶ рӯйи дӯст
Хинги⁷ моро то миён ояд ҳаме.

4. Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ⁸,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме.

5. Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

6. Мир сарв⁹ асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

7. Офарину мадҳ¹⁰ суд¹¹ ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ – андар зиён¹² ояд ҳаме.

ВАЗН: рамали мусаддаси маҳзуф ё вазни «Маснавӣ» (фоилотун фоилотун фоилун).

КАЛИМАҲОИ ҚОФИЯ: Мӯлиён, меҳрубон, парниён, миён…

РАДИФ: ояд ҳаме.

Луғат:

1. Ҷӯйи Мӯлиён: номи мавзеъест дар наздикии Бухоро, ки боғҳои он аз сайргоҳҳои Бухоро будааст ва амир Исмоили Сомонӣ зиёъи (заминҳои кишоварзӣ) Ҷӯйи Мӯлиёнро харида, дар он ҷо саройҳо ва бӯстонҳо сохта, бар маволиёни худ вақф кардааст. Ҳанӯз ҳам ҷӯйе бо ин ном дар беруни шаҳри Бухоро ҳаст. Мӯлиён талаффузи омиёнаи «маволиён» ва «маволиён» ҷамъи «маволӣ» аст. «Маволӣ» ҷамъи «мавло», ба маънии банда, бандаи озодшуда мебошад.

2. Ому: дарёи Ому, ки аз кӯҳҳои шимоли Афғонистон сарчашма мегирад ва ба баҳри Арал мерезад, реги Ому: биёбон ва регзори Ому.

3. Дурушт: ноҳамвор, сахт.

4. Парниён: абрешими нигорину мунаққаш, дар ин ҷо манзури шоир латофати абрешим аст.

5. Ҷайҳун: номи дигари дарёи Ому.

6. Нишот: шодӣ ва хуррамӣ.

7. Хинг: сафед, манзур аспи сафед аст, агар ба сиёҳӣ ё сабзӣ (кабудӣ) моил бошад, сабзхинг гӯянд ва агар сафеди холис бошад, нуқрахинг номанд. Яъне, аз шодии дидори дӯст оби дарёи Ҷайҳун то камаргоҳи аспҳо расидааст ва касеро ғарқ намекунад.

8. Зӣ: аз масдари «зистан», зиндагӣ кун, дер зӣ: зиёд зиндагӣ кун, умри дароз бибин.

9. Сарв: дарахти махрутшакли сӯзанбарги ҳамешасабз, ки қадаш рост буда, то 25 метр мерасад, киноя аз қомати рост.

10. Мадҳ: тавсиф, ситоиш.

11. Суд: фоида.

12. Зиён: зарар.

Сабаби сурудани ин қасида он буда, ки Наср ибни Аҳмади Сомонӣ сафари тӯлоние ба Ҳирот мекунад ва аз манзараҳои Бодғису атрофи Ҳирот мафтун гардида, чаҳор сол он ҷо мемонад. Умаро ва сарони лашкар аз ин ҳол ба танг меоянд, вале ҷуръат намекунанд, ки барои баргаштан ба Бухоро ба шоҳ чизе бигӯянд. Назди Рӯдакӣ мераванд ва панҷ ҳазор динор ваъда медиҳанд, то коре кунад, ки шоҳ сӯйи Бухоро ҳаракат бикунад. Рӯдакӣ бадоҳатан қасидаи болоро месарояд ва назди амир мераваду бо ҷанг дар пардаи «Ушшоқ» онро месарояд. «Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, амир чунон мунфаъил гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе мӯза пой дар рикоби хинги навбатӣ овард ва рӯй ба Бухоро ниҳод ва инон то Бухоро ҳеч бознагирифт ва Рӯдакӣ он панҷ ҳазор динор музоъаф (дучанд, ду баробар) аз лашкар бистад (ситондан)» (Низомии Арӯзии Самарқандӣ. Чаҳор мақола, саҳ. 54).

Маънии байти 1: Боди хуше аз мавзеи Ҷӯйи Мӯлиёни Бухоро сӯйи мо мевазад ва он бод аз он сабаб хушбӯй аст, ки атри гесувони ёри моро бо худ дорад ва моро ба ёди ёри меҳрубон, ки дар ин макони ҷаннатманад асту чашм ба роҳи мост, мебарад.

Маънии байти 2: Реги соҳили дарёи Ому, ки гузаргоҳи мост ба сӯйи Бухоро, бо ҳама ноҳамворию сахтияш ба зери поям чун абрешим мулоиму роҳатбахш менамояд, зеро шавқи дидори ёри меҳрубонро дар сар дорам.

Маънии байти 3: Оби дарёи Ҷайҳун бо ҳама амиқию паҳноӣ аспи моро то миён мерасад ва касеро ғарқ намекунад, зеро шодии дидори дӯстону ёри меҳрубон ҳама гуна хавфу хатарро барои мо осон мегардонад.

Маънии байти 4: Эй Бухоро, эй Ватани маҳбуб, ту ҳамеша ҷовидон бошу мардумат шоду хурсанд бошанд, ки амир (Наср ибни Аҳмади Сомонӣ) шодмона сӯйи ту меояд.

Маънии байти 5: Амири мо монанди моҳ нуронӣ асту Бухоро монанди осмон васеъу паҳновар. Чунин ба назар мерасад, ки моҳ сӯйи осмон меояд. (Дар мисраи аввал амир ба моҳ ва Бухоро ба осмон ташбеҳ шудааст).

Маънии байти 6: Қомати амири мо монанди сарв баланду зебост ва Бухоро бӯстонро мемонад, гӯё ки сарв сӯйи бӯстон меояд. (Дар мисраи аввал амир ба сарв ва Бухоро ба бӯстон ташбеҳшудааст).

Маънии байти 7: Офарину ситоиш барои амир судманду муфид аст, ҳарчанд ки ба хазинаи ӯ зарар мерасонад, зеро бояд силаи мадҳро бидиҳад.

Низомии Арӯзӣ дар бораи ин байт мегӯяд: «Андар ин байт аз маҳосин ҳафт санъат аст: аввал мутобиқ, дувум мутазод, севум мураддаф, чаҳорум баёни мусовот, панҷум узубат, шашум фасоҳат, ҳафтум ҷазолат ва ҳар устоде, ки ӯро дар илми шеър табаҳҳурест, чун андаке тафаккуре кунад, донад, ки ман дар ин мусибам, вассалом» (Чаҳор мақола, 55).


Сарчашма: Шарҳи мунтахаби ашъори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ / Ба кӯшиши Ш. Р. Исрофилниё, М. А. Султонмамадова. – Душанбе: «Пайванд», 2016, 94 саҳ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *