Ҳар дам аз умр меравад нафасе

Ҳар дам аз умр меравад нафасе,
Чун нигаҳ мекунам, намонда басе.

Эй, ки панҷоҳ рафту дар хобӣ,
Магар ин панҷрӯза дарёбӣ?

Хиҷил он кас, ки рафту кор насохт,
Кӯси реҳлат заданду бор насохт.

Хоби нӯшини бомдоди раҳил
Боздорад пиёдаро зи сабил.

Ҳар кӣ омад, иморате нав сохт,
Рафту манзил ба дигаре пардохт,

В-он дигар пухт ҳамчунон ҳавасе
В-ин иморат ба сар набурд касе.

Ёри нопойдор дӯст мадор,
Дӯстиро нашояд ин ғаддор.

Неку бад чун ҳаме бибояд мурд,
Хунук он кас, ки гӯи некӣ бурд.

Барги айше ба гӯри хеш фирист,
Кас наёрад зи пас, ту пеш фирист.

Умр барф асту офтоби тамуз,
Андаке моду хоҷа ғарра ҳанӯз.

Эй тиҳидаст рафта дар бозор,
Тарсамат, барнаёварӣ дастор.

Ҳар кӣ мазруъи худ ба худ бихвид,
Вақти хирман-ш хӯша бояд чид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *