Аввали дафтар ба номи Эзади доно

Ғазали шумораи 1

Аввали дафтар ба номи Эзади доно,
Сониъи парвардгор, ҳаййи тавоно.

Акбару аъзам, Худои оламу одам
Сурати хуб офариду сирати зебо.

Аз дари бахшандагию банданавозӣ
Мурғи ҳаворо насибу моҳии дарё.

Қисмати худ мехуранд мунъиму дарвеш,
Рӯзии худ мебаранд пашшаву анқо¹.

Ҳоҷати мӯре ба илми ғайб бидонад,
Дар буни чоҳе, ба зери сахраи саммо².

Ҷонвар аз нутфа мекунад, шакар аз най,
Барги тар аз чӯби хушку чашма зи хоро.

Шарбати нӯш офарид аз магаси наҳл³,
Нахли тановар кунад зи донаи хурмо.

Аз ҳамагон бениёзу бар ҳама мушфиқ,
Аз ҳама олам ниҳону бар ҳама пайдо.

Партави нури сародиқоти ҷалолаш⁴
Аз азамат моварои фикрати доно.

Худ на забон дар даҳони орифи мадҳуш
Ҳамду сано мекунад, ки мӯй бар аъзо.

Ҳар кӣ надонад сипоси неъмати имрӯз,
Ҳайф хурад бар насиби раҳмати фардо.

Бор Худоё, муҳайминию⁵ мудаббир,
В-аз ҳама айбе муқаддасию мубарро.

Мо натавонем ҳаққи ҳамди ту гуфтан
Бо ҳама каррубиёни⁶ олами боло.

Саъдӣ аз он ҷо ки фаҳми ӯст, сухан гуфт,
В-арна, камоли ту ваҳм кай расад он ҷо?!

Саъдии Шерозӣ


¹ Симурғ.
² Санги бузургу сахт.
³ Занбӯри асал.
⁴ Саропардаҳои бузургию шукӯҳ.
⁵ Нигоҳбон.
⁶ Малоик ва фариштагон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *