Эй нафаси хуррами боди сабо

Ғазали шумораи 2

Эй нафаси хуррами боди сабо,
Аз бари ёр омадаӣ, марҳабо!

Қофилаи шаб, чӣ шунидӣ зи субҳ?
Мурғи Сулаймон, чӣ хабар аз Сабо?

Бар сари хашм аст ҳанӯз он ҳариф,
Ё сухане меравад андар ризо?

Аз дари сулҳ омадаӣ ё хилоф?
Бо қадами хавф равам ё раҷо¹?

Бори дигар гар ба сари кӯи дӯст
Бигзарӣ, эй пайки насими сабо,

Гӯ: Рамақе беш намонд аз заъиф,
Чанд кунад сурати беҷон бақо?

Он ҳама дилдорию паймону аҳд
Нек накардӣ, ки накардӣ вафо.

Лекин, агар даври висоле бувад,
Сулҳ фаромӯш кунад моҷаро.

То ба гиребон нарасад дасти марг,
Даст зи доман накунемат раҳо.

Дӯст набошад ба ҳақиқат, ки ӯ
Дӯст фаромӯш кунад дар бало.

Хастагӣ андар талаби роҳат аст,
Дард кашидан ба умеди даво.

Сар натавонам, ки барорам чу чанг,
В-ар чу дафам пӯст бидаррад қафо.

Ҳар саҳар аз ишқ даме мезанам,
Рӯзи дигар мешунавам бармало².

Қиссаи дардам ҳама олам гирифт,
Дар кӣ нагирад нафаси ошно?

Гар бирасад нолаи Саъдӣ ба кӯҳ,
Кӯҳ бинолад ба забони садо.

Саъдии Шерозӣ


¹ Умед, орзу.
² Ошкор, фош.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *